Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия афзоиш ёфтааст
Радиои Озодӣ [Unofficial]
May 18, 2026
Соли 2025 Тоҷикистон ва Русия дар ҳаҷми 2,4 миллиард доллар додугирифт кардаанд. Ин омор 15-уми май дар нишасти байниҳукуматии ду кишвар садо дод.
Ба иттилои расмӣ, дар се моҳи аввали имсол додугирифти ду кишвар ба 641,3 миллион доллар расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 дарсад бештар аст.
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия гуфтаанд, талош доранд додугирифтро бештар кунанд.
Ҷузъиёти бештар аз нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки зери роҳбарии...
Discussion in the ATmosphere