Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Радиои Озодӣ [Unofficial]
May 21, 2026
Дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз якбора боло рафтан ва камчин шудани семент дар кишвар шикоят доранд, мақомот аз зиёд шудани истеҳсоли ин навъ маҳсулот хабар доданд.
Тибқи иттилои Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 546 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 дарсад бештар аст.
Дар ду ҳафтаи ахир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафт. Сокинон мегӯянд, ҳар халта семент аз 56 сомонӣ то 90-110 сомонӣ гарон шуд....
Discussion in the ATmosphere