Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун овардааст
Радиои Озодӣ [Unofficial]
April 16, 2026
Русия даҳҳо корманди нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр"-ро аз Эрон берун баровардааст, ки дар миёнашон 27 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Дар ин бора расонаҳои давлатии Русия аз қавли Андрей Жилтсов, консули генералии ин кишвар дар Исфаҳон хабар доданд.
Ба қавли манбаъ, ин 27 шаҳрванди Тоҷикистон дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд. Аммо дар бораи ин тоҷикистониҳо маълумоти бештар дар даст нест.
Ҳамчунин рӯзи 15-уми апрел 81 белорусӣ, чор арманистонӣ, се узбекистонӣ ва чанд шаҳрванди...
Discussion in the ATmosphere