Абхозистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия супурдааст
Радиои Озодӣ [Unofficial]
March 23, 2026
Мақомоти ҷумҳурии худхондаи Абхозистон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми ифротгароии динӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт ва ба Русия истирдод кардаанд.
Хадамоти амнияти давлатии Абхозистон дар иттилоияе гуфт, истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Каримхон Саидови 43-сола дар поёни ҳафтаи гузашта сурат гирифт.
Назари Саидов ба қазия ва қарори истирдодаш маълум нест.
Инчунин рӯшан нест, ки ӯро бо дархости Русия боздошт кардаанд ё Тоҷикистон. Мақомот дар Душанбе дар ин бора ҳанӯз изҳори...
Discussion in the ATmosphere