External Publication
Visit Post

Наргис Муҳаммадӣ дар Эрон ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд

Радиои Озодӣ [Unofficial] February 9, 2026
Source
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ки чанд моҳ пеш боздошт шуда буд, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум шудааст. Ба гузориши Радиои Фардо - бахши эронии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Наргис Муҳаммад ҳамчунин мамнуъулхуруҷ шудааст. Наргис Муҳаммадии 52-сола яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон аст, ки дар гузашта низ чандин солро дар зиндон сипарӣ карда буд. Ӯро ба 12 сол зиндон зиндон маҳкум карда буданд ва соли гузашта аз зиндон озод шуд ва таҳти дармон қарор гирифт.

Discussion in the ATmosphere

Loading comments...