{
  "$type": "site.standard.document",
  "bskyPostRef": {
    "cid": "bafyreidcki5y5e565mmicj5ni4xavweazbn2theixbruariyc2dr2ymxnu",
    "uri": "at://did:plc:urknnuzs7aj2vh6hyknjnngi/app.bsky.feed.post/3mefqlltp7ju2"
  },
  "coverImage": {
    "$type": "blob",
    "ref": {
      "$link": "bafkreiedfcqhgk5fo4n3bqnzp6hzrhlfg2gslrzeiryyeyo7qehtro64gi"
    },
    "mimeType": "image/jpeg",
    "size": 58305
  },
  "path": "/a/33673061.html",
  "publishedAt": "2026-02-09T04:19:42.000Z",
  "site": "https://www.ozodi.org",
  "tags": [
    "Дар чанд ҷумла"
  ],
  "textContent": "Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ки чанд моҳ пеш боздошт шуда буд, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум шудааст.\nБа гузориши Радиои Фардо - бахши эронии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Наргис Муҳаммад ҳамчунин мамнуъулхуруҷ шудааст.\nНаргис Муҳаммадии 52-сола яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон аст, ки дар гузашта низ чандин солро дар зиндон сипарӣ карда буд.\nӮро ба 12 сол зиндон зиндон маҳкум карда буданд ва соли гузашта аз зиндон озод шуд ва таҳти дармон қарор гирифт.",
  "title": "Наргис Муҳаммадӣ дар Эрон ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд"
}