Ҳалокати 4 нафар дар кони тилои Шугнов
Радиои Озодӣ [Unofficial]
May 25, 2026
Дар пайи чаппа шудани як кӯҳпораи азим дар Шугнови ноҳияи Ховалинг, чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон ба коркарди тило машғул буданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми май рух додааст.
Ду манбаи огоҳ аз ноҳияи Ховалинг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се нафар аз фавтидагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як нафар аз шаҳри Бохтар мебошанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади се нафарро дирӯз ва ҷасади як тани дигарро ин субҳ аз зери сангрезаҳо пайдо карда, барои ташхис ба маркази ноҳияи Ховалинг интиқол...
Discussion in the ATmosphere