Як мард барои ба марг расонидани ҳамсараш зиндонӣ шуд
Радиои Озодӣ [Unofficial]
May 20, 2026
Додгоҳе дар вилояти Хатлон як мардро барои латукӯб ва ба марг расондани ҳамсараш ба 16,6 сол зиндон маҳкум кардааст.
Дар қарори додгоҳ омадааст, Абдумасад Нуралиев, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи декабри соли гузашта "бинобар сабаби вазъи оилавӣ" бо ҳамсараш ҷанҷол карда, бо мушт ва тахтачӯб ҳамсарашро задааст. Ҳамсари ин мард як рӯз баъд ҷон бохтааст.
Назари мард ба қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.
Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ дар хабарномае навиштааст, ин мард дар мурофиаи сайёр "аз аҳли...
Discussion in the ATmosphere