{
  "$type": "site.standard.document",
  "bskyPostRef": {
    "cid": "bafyreibh6wkovivw2abmpn7hxskgidycxppkz7yidfaqjai5id5yoiy3im",
    "uri": "at://did:plc:urknnuzs7aj2vh6hyknjnngi/app.bsky.feed.post/3mls3qttj7aj2"
  },
  "coverImage": {
    "$type": "blob",
    "ref": {
      "$link": "bafkreieeyh5m63yita3bepdo5vf5himvlgm472madq63yldlwsm6no7bzy"
    },
    "mimeType": "image/png",
    "size": 178555
  },
  "path": "/a/33756546.html",
  "publishedAt": "2026-05-14T04:12:36.000Z",
  "site": "https://www.ozodi.org",
  "tags": [
    "Дар чанд ҷумла"
  ],
  "textContent": "Дар Тоҷикистон ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти ҳавополои хона (кондитсионер) ва таҷҳизотҳои равшанидиҳанда зиёд мешавад.\nБар асоси қарори ҳукумат, шуруъ аз 1-уми июли имсол барои ворид кардани ҳавополо ба кишвар аз ҳар донаи он 15 евро боҷ ситонида мешавад. Феълан ҳаҷми боҷи воридотӣ барои ҳар дона ҳавополо ҳамагӣ 5 евро аст.\nИн қарори ҳукумат тамоми намуди ҳавополоҳоро дарбар мегирад.   \nТибқи дастури ҳукумат, ҳамчунин меъёри боҷи гумрукӣ барои қандил ё люстер ва дигар намуд...",
  "title": "Дар Тоҷикистон боҷи гумрукии қандил ва ҳавополоҳо боло рафт"
}