{
  "$type": "site.standard.document",
  "bskyPostRef": {
    "cid": "bafyreih5yspjladv6tigoo7p7xqp7ufukz5ceqjf2z7pxcz3zhfk2rsmie",
    "uri": "at://did:plc:urknnuzs7aj2vh6hyknjnngi/app.bsky.feed.post/3ml3hpps2kc62"
  },
  "coverImage": {
    "$type": "blob",
    "ref": {
      "$link": "bafkreihcwthqytzlz3au74ro27yylbaeh5zkog3bdi5zwkguc3hlazk7qu"
    },
    "mimeType": "image/jpeg",
    "size": 57443
  },
  "path": "/a/33750083.html",
  "publishedAt": "2026-05-05T05:16:08.000Z",
  "site": "https://www.ozodi.org",
  "tags": [
    "Дар чанд ҷумла"
  ],
  "textContent": "Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, мақомоти тоҷик даҳҳо паноҳҷӯи афғонро аз ноҳияи Ҷаббор Расулов берун кардаанд.\nШабакаи \"Афғонистон интернешнл\" 4-уми май бо нашри навори ихроҷи муҳоҷирон гуфт, ҳудуди 250 муҳоҷири афғонистониро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд ва онҳо ба хатари ихроҷ ба Афғонистон рубарӯ ҳастанд.\nБа қавли манбаъ, ин муҳоҷирон корти паноҳандагии Созмони Милали Муттаҳидро доштанд.\nМуҳоҷирони афғонистонӣ дар наворе мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон симкортҳои...",
  "title": "Расонаҳо: Ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғон аз вилояти Суғд"
}