{
  "$type": "site.standard.document",
  "bskyPostRef": {
    "cid": "bafyreicripxhz2jzth76g4deqkokdwybusw4nfkqgyvn4whotpmgnghnrq",
    "uri": "at://did:plc:urknnuzs7aj2vh6hyknjnngi/app.bsky.feed.post/3mk5fztctc3z2"
  },
  "coverImage": {
    "$type": "blob",
    "ref": {
      "$link": "bafkreie7jctayvetmhfz2fobh2cq2bsa6efyhqudoidkx5rstmh2tv7q3y"
    },
    "mimeType": "image/jpeg",
    "size": 86775
  },
  "path": "/a/33740561.html",
  "publishedAt": "2026-04-23T04:35:47.000Z",
  "site": "https://www.ozodi.org",
  "tags": [
    "Дар чанд ҷумла"
  ],
  "textContent": "Нерӯҳои имдодрасони Лубнон эълон карданд, ки ҷасади Амал Халил, хабарнигори лубнонӣ, ки дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби ин кишвар кушта шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе, 22 апрел аз зери вайронаҳо берун кашида шуд.\nДафтари расонаҳои Созмони дифои шаҳрвандии Лубнон эълон кард, имдодгарон \"муваффақ шуданд ҷасади Амал Халил, хабарнигори кушташударо, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар хонае дар шаҳри Ат-Тайри ҷон бохта буд, пайдо кунанд\".\nРӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор , ки ин хабарнигор барои...",
  "title": "Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар ҳамлаи Исроил"
}