{
  "$type": "site.standard.document",
  "bskyPostRef": {
    "cid": "bafyreideotpdbryqti3oyi5shtgll2shc6utzcche2bimcvyf3voghvq3e",
    "uri": "at://did:plc:urknnuzs7aj2vh6hyknjnngi/app.bsky.feed.post/3mjpcvpa2q5a2"
  },
  "coverImage": {
    "$type": "blob",
    "ref": {
      "$link": "bafkreibd4qzsl7d7i2g3dxjukgdlwegzstbxdhvphoilvzy7qwx5l5rnza"
    },
    "mimeType": "image/jpeg",
    "size": 76258
  },
  "path": "/a/eron-guftaast-gulugohi-hurmuz-to-poyoni-otashbas-purra-boz-memonad/33734604.html",
  "publishedAt": "2026-04-17T14:31:50.000Z",
  "site": "https://www.ozodi.org",
  "tags": [
    "Дар чанд ҷумла"
  ],
  "textContent": "Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, дар замони оташбаси байни Лубнон ва Исроил гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз \"пурра боз\" хоҳад монд.\nАббос Ароқчӣ рӯзи 17-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии \"Х\" навишт: \"Дар пайи эълони оташбас дар Лубнон, убуру мурури тамоми киштиҳои тиҷорӣ аз тариқи тангаи Ҳурмуз барои боқимондаи давраи оташбас ба таври комил озод эълон мешавад.\"\nСипас Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар паёме бо ибрози \"ташаккур\" гуфт, муҳосираи бандарҳои Эрон то замони ба даст омадани созиши...",
  "title": "Эрон гуфтааст, гулӯгоҳи Ҳурмуз то поёни оташбас \"пурра боз мемонад\""
}