"15 ҳазор сомонӣ гирифт". Боздошти як афсар дар Суғд
Радиои Озодӣ [Unofficial]
April 13, 2026
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Сатторзода А "барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват" ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Мақомот гуфтанд, ин афсар бо сӯистифода аз мақоми хизматиаш ин маблағро гирифта, "ба манфиати шахсиаш сарф намуд". Назари Сатторзода А. ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки ин афсар...
Discussion in the ATmosphere