Ҷанг дар Ховари Миёна боиси 10 дарсад боло рафтани қимати нафт шуд
Радиои Озодӣ [Unofficial]
March 2, 2026
Пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, қимати нафт 10 дарсад афзоиш ёфтааст. Рӯзи якшнабе қимати ҳар бушка нафти хом ба ҳудуди 80 доллар расид. Амрико ва Исроил субҳи 28 феврал ба Эрон ҳамла карданд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", коршиносон тахмин мезананд, ки бинобар ҷанги ҷорӣ дар Ховари Миёна, қимати ҳар бушка нафти хом мумкин аст ба 100 доллар бирасад.
Ҳамлаҳои низомӣ ва баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз сабаби асосии афзоиши қимати нафт гуфта мешавад. Беш аз 20 дарсад аз нафти...
Discussion in the ATmosphere