{
  "$type": "site.standard.document",
  "bskyPostRef": {
    "cid": "bafyreifg2iatilrjcgxqjtoqac3o252vo4cgcenswspbtptvr7vahhhe7e",
    "uri": "at://did:plc:urknnuzs7aj2vh6hyknjnngi/app.bsky.feed.post/3mfwagbptgth2"
  },
  "coverImage": {
    "$type": "blob",
    "ref": {
      "$link": "bafkreidnrogjvipcc3h7wwuumh4lofvnpvypc6abi6dtp5yskpjso6cehy"
    },
    "mimeType": "image/jpeg",
    "size": 148399
  },
  "path": "/a/e-loni-mavsimi-da-vati-bahorii-javonon-ba-artish/33690428.html",
  "publishedAt": "2026-02-28T11:35:48.000Z",
  "site": "https://www.ozodi.org",
  "tags": [
    "Дар чанд ҷумла"
  ],
  "textContent": "Раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати баҳории ҷавононро ба артиш имзо кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президент 28-уми феврал хабар дод. \nБар пояи он, моҳҳои апрел-май ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.\nДаъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ҷалби маҷбурӣ (облава) олуда мешавад.\nЯк сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои...",
  "title": "Эълони мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш"
}