{
  "$type": "site.standard.document",
  "bskyPostRef": {
    "cid": "bafyreifaa74cgasqoko2mgrragkoy2ph2xuuynu6e7hpxsmz6du2epggbu",
    "uri": "at://did:plc:urknnuzs7aj2vh6hyknjnngi/app.bsky.feed.post/3mepw45ye52e2"
  },
  "coverImage": {
    "$type": "blob",
    "ref": {
      "$link": "bafkreidzazn26prvn6f7tqmli2ss4thqrjvld4edbjuusgxolxoutuqtoq"
    },
    "mimeType": "image/jpeg",
    "size": 42256
  },
  "path": "/a/dodugirifti-tojikiston-bo-chin-844-mln-ziyod-shudaast/33676731.html",
  "publishedAt": "2026-02-13T04:48:21.000Z",
  "site": "https://www.ozodi.org",
  "tags": [
    "Дар чанд ҷумла"
  ],
  "textContent": "Додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар як соли гузашта ба 2 миллиарду беш аз 800 миллион доллар баробар шудааст, ки нисбат ба як соли пештар 844 миллион доллар зиёдтар будааст.\nБино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Чин ҳамоно аз рӯи гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон, миёни кишварҳо дар ҷойи аввал қарор дорад.\nТибқи омори ин ниҳод, соли 2025 аз Тоҷикистон ба Чин дар ҳаҷми 523 млн доллар маҳсулот содир шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ хеле зиёдтар, беш аз 2 миллиарду 325...",
  "title": "Додугирифти Тоҷикистон бо Чин $844 млн зиёд шудааст"
}